Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

КОНСТИТУТСИЯ ВА КАФОЛАТҲОИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН

 

Аз лаҳзаи ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай се даҳсола паси сар шудааст, ки дар ин муддат давлати ҳанӯз ҷавони мо тавонист роҳи пурмашаққат ва душвори рафъи оқибатҳои ҷанги шаҳрвандиро то ташаккули давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, инчунин дар барқарорсозии пояҳои давлатдории миллӣ тай намояд.

Дар баробари ин, пеш аз ҳама, таъкид кардан зарур аст, ки яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ оид ба татбиқи дигаргуниҳои куллӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа дар асоси Конститутсияи ин таъмин намудани кафолатҳо ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таҳкими мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва нуфузи он дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Бояд қайд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон сол то сол дар муносибатҳои байналмилалӣ бештар иштирок намуда, бо созмонҳои байналмилалӣ, аз қабили Созмони Миллаи Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкориҳои Шанхай, САҲА, ЮНИСЕФ, Бонки ҷаҳонӣ ва монанди инҳо ҳамкориҳои мутақобилан судмандро доир карда истодааст. Илова бар ин, шумораи давлатҳое, ки бо онҳо муносибатҳои дипломатӣ ва консулӣ барқарор шудаанд, меафзояд. Натиҷаи татбиқи чунин сиёсат буд, ки дар айни замон Ҷумҳурии Тоҷикистон аз буҳрони иҷтимоию иқтисодӣ баромада, ризоияти ҷамъиятро ба даст овард ва ин ба мардум имкон дод, ки сарнавишти кишвари худро муайян кунад. Имрӯз метавон гуфт, ки Тоҷикистон дар ҷаҳон ҳамчун давлати мутамаддини демократӣ, шарики боэътимоди кишварҳои дӯст эътироф шудааст.

Дар ин ҷо нақши Ҳукуматамонро бо сарварии Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар татбиқи сиёсати сулҳпарварона ва иқдомҳои минбаъда барои ба эътидол овардани вазъи зиндагии мардуми Тоҷикистон саъю кӯшишҳои беандоза кардааст, таъкид накарда наметавонем. Чун, сиёсати «дарҳои кушод», ки давлат ва Ҳукумат интихоб кардааст, бар пояи фарҳанги бостонии миллии тоҷикон, яъне поквиҷдонӣ, дустию бародарӣ, меҳмоннавозӣ асос гирифтааст. Шаҳодати чунин гуфтаҳо дар таъкид сохтани идроки худ аз тарафаи халқи Тоҷикистон дар муқаддимаи Қонуни асосии кишвар зоҳир меёбад, яъне: “Мо, халқи тоҷикистон, қисми  ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, ҳамин Конститутсияро қабул ва эълон менамоем”.       Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сад модда иборат буда, сию чор моддаҳои он асосан ба ҳуқуқ, озодиҳо ва уҳдадориҳои асосии инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст, ки бори дигар афзалияти давлатро дар таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони Тоҷикистон тасдиқ менамояд. Илова бар ин, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ истиқомат мекунанд, ҳамчунин тибқи меъёрҳои Конститутсия дар баробари шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҳуқуқу озодиҳои муқарраршуда низ истифода бурда, дар таъмини иҷро ва рияои онҳо масъулият ва вазифадор мебошанд.

 Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шахрвандро Конститутсия, қонунҳои амалкунанда ва инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистононҳоро эътироф кардааст, танзим ва ҳифз мекунанд, зеро ин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мутобики моддаи 10 Конститутсия қисми таркибии низоми ҳуқуқии давлатро ташкил медиҳанд. Дар сурати номувофиқатии байни қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои байналмилалие, ки эътироф шудаанд, меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ татбиқ карда мешаванд. Ин бисёр муҳим аст, зеро самаранокии татбиқи ҳифзи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд, пеш аз ҳама ба сатҳи трансформатсияи принсипу меъёрҳои санадҳои байналмилалии ҳуқуқӣ ва ё табдил ёфтани онҳо ба қонунгузории дохилӣ вобаста аст.

Дар ин ҷо мо бори дигар сиёсати сулҳҷӯёнаи давлатро таъкид месозем, чун Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсонро эътироф кардааст, ба хусус “Эъломияи умумии ҳуқуқи башар”, Паймонҳои байналмилалӣ “оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ”, “оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ”, “Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи барҳам додани ҳама шаклҳои табъизи нажодӣ”, «Конвенсия дар бораи барҳам додани ҳама шаклҳои табъиз нисбати занон”, «Конвенсия дар бораи ҳифзи ҳамаи одамон аз шиканҷа ва дигар муносибатҳои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё  таҳқиркунандаи шаъну шараф”, “Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кӯдак”, “Конвенсияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар бораи ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон” ва ғайраҳо.

 Дар асоси ин конвенсияҳои байналмиллалӣ як қатор қонунҳои дохилидавлатӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз қабили стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ, масалан, қонунҳои ҷумҳурии тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», "Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон", "Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда”, “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак”, “Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз”, “Дар бораи гурезаҳо”; Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 ва монанди инҳо низ таҳия ва қабул гардиданд, дар таъмини ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои ҳар як фарди ҷомеаи Тоҷикистон нақши муҳимро мебозанд.

Гуфтаҳои боло бори дигар собит месозанд, ки самти афзалиятноки роҳи интихобкардаи давлат дар таъмини шаҳрвандони кишвар бо зиндагии шоиста ва ҷомеаи одилонаи иҷтимоӣ, ки дар он ба ҳар як инсон рушди озод кафолат дода мешавад; дар он ҳаёт, шаъну шараф ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазир буда, аз ҷониби давлат ҳифз карда мешаванд, дуруст ва саҳеҳ мебошад.

Бояд қайд созам, ки ҳуқуқи инсон мансубияти шахс ба синф, миллат, идеология, дин, қаламрав нест, балки дастоварди умумии таърихӣ ва иҷтимоию фарҳангиро ифода мекунад. Ин асоси маънавию ахлоқии ҳар як фарди ҷомеа мебошад. Аз ин рӯ, тасодуфӣ нест, ки омӯзиши амиқи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон барои як соҳаи муайяни ҳуқуқ аҳамияти хоса дорад.

Тавре Президенти Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат дуруст қайд мекунад: «Дар тамоми кишварҳои пешрафта ва ҷомеаҳои мутамаддин моҳияти асосии сиёсати давлатиро инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ ташкил медиҳанд. Мисоли равшани ин аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шудани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ҳамчун арзиши олӣ мебошад. Аммо ин ҳадафҳои олиро бидуни қонунҳое, ки ба талаботи муосири ҷомеаи демократӣ ҷавобгӯ ҳастанд, инчунин фаъолияти низомнокии мақомоти давлатӣ танзим мекунанд, амалӣ кардан ғайриимкон аст».

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар як шаҳрванд ҳимояи судиро кафолат дода, ҳар кас ҳуқуқ дорад баррасии парвандаи худро аз ҷониби суди босалоҳият, мустақил ва беғараз, ки тибқи қонунгузории амалкунанда таъсис дода мешаванд, талаб намояд.

Аз ҷониби дигар, қайд кардан бамаврид аст, ки ҳар як давлати ҷаҳон механизмҳои ҳимоя ва таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ташкил карда, мақоми ҳуқуқии онро дар сатҳи Конститутсия мустаҳкам намудаанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ яке аз механизмҳои таъмини ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Ниҳоди Ваколатдор оид ба ҳуқуқ инсон соли 2009 бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳлати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи ҳуқуқи инсон таъсис дода шудааст, ки он механизмҳои мавҷудаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро дар сатҳи давлатӣ пурра намуд. Фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» танзим мешавад.

Бо мақсади иҷрои вазифаҳои асосии худ дар самти қабул ва баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон, такмили қонунгузорӣ ва амалияи истифодаи он, санҷиши риояи ҳуқуқи инсон, таҳлил ва омӯзиши ҳолатҳои риоя нашудани ҳуқуқҳо, ҳамкории мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳифз ва пешрафти ҳуқуқи инсон, рушд ва ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, баланд бардоштани маърифатнокии шаҳрвандон.оид ба ҳуқуқи инсон, ҷамъбаст ва пешниҳоди тавсияҳо, ниҳоди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон фаъолияташро сол аз сол тақвият бахшида, таъмини риояи принсипҳо ва меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон амалӣ мегардонад.

Хулоса, мардуми сарбаланди тоҷик аз Конститутсияи одилонаи худ ибрат гирифта, дарк намудаанд, ки бунёди ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд бо риояи қонун, эҳтиром ва муҳаббат ба шаҳрвандони худ ба даст меояд ва муваффақ мешаванд. Хушбахтона, имрӯз халқи тоҷик ва давлати тоҷикон дар маркази таваҷҷуҳи ҷаҳониён ва мактаби сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар ташаккул ва рушди давлатдории миллӣ ва ваҳдату суббот таъсири назарраси худро гузоштааанд.

Бо итминон метавон гуфт, ки ҷашни 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои боз ҳам беҳтар инкишоф додани худшиносӣ, ваҳдати миллӣ, ватандӯстӣ ва ифтихори ҳар як фарди арзандаи Тоҷикистони соҳибистиқлол такони тоза мебахшад.

 

Раҷабзода Ҳ.Р. 

Роҳбари Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи

инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор