Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

КОНСТИТУТСИЯ - СУТУНИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ

 

                    Яке  аз  дастовардҳои  бузурги  даврони  истиқлоли   Ҷумҳурии  Тоҷикистон қабули  Конститутсияи  он  мебошад, ки  соли  1994  тариқи  раъйпурсии умумихалқӣ  бо  овоздиҳии  аксарияти  ҳамватанон  қабул  гардидааст. Бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ  қабул шудани Конститутсияи навини Тоҷикистон шаҳодати он аст, ки он мувофиқи мақсаду мароми мардуми тоҷик қабул карда шуда, меъёрҳояш барои ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои халқи Тоҷикистон равона карда шудаанд ва маҳз ин ҳолат ифодакунандаи мақсаду моҳияти Конститутсияи амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  аст. Дар ин асно Конститутсияро метавон шиносномаи миллат маънидод намуд, зеро он давлати моро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд.

Имрӯзҳо  аз  таърихи  қабули Конститутсия 30 сол сипарӣ мегардад. Бояд тазаккур дод, ки дар омода ва қабул намудани Конститутсияи давлати соҳибистиқлоламон саҳми бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо назаррас мебошад. Муҳимияти қабули Конститутсияи нави мамлакатро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии ҶТ таъкид намуда, аз он ҷумла иброз доштанд, ки “асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро нав карда, онро бо назардошти меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ такмил дода, барои бунёди давлати нав-давлати демократии ҳуқуқбунёд замина гузоштан лозим аст”.

         Моҳияти Конститутсия ҳамчун қонуни асосии давлат дар он зоҳир мегардад, ки он манбаи асосии тамоми соҳаҳои ҳуқуқ буда, дорои  қувваи олии ҳуқуқӣ мебошад. Санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ бояд дар заминаи он таҳия ва қабул карда шаванд, дар сурати мухолифи он будан эътибори қонунии худро аз даст медиҳанд.

         Конститутсия шоҳсутун, бахтномаи миллат ва тақдирсози имрӯзу фардои давлату миллати тоҷик маҳсуб меёбад. Ин санади тақдирсоз ҳамчун шаҳодатномаи адолатхоҳи бунёдкорӣ, ваҳдатталаби Тоҷикистон аст. Бояд қайд кард, ки Конститутсия ин шакли ифодаи иродаи мардум ва воситаи амалисозиву кафолати ин ирода мебошад. Конститутсия ин ҳуҷҷатест, ки дар он иродаи мардум, принсипҳо ва меъёрҳои асосии ташкили ҳаёти ҷамъиятӣ ва давлатӣ  муқаррар мегардад.

         Қабули Конститутсия агар аз як тараф дастоварди таърихӣ бошад, аз ҷониби дигар тибқи меъёрҳои он, таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ аз масъалаҳои мубрам ба ҳисоб меравад. Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол аз конститутсияҳои қаблӣ фарқи куллӣ дорад.  

         Конститутсия поягузори давлати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ, ягона ва иҷтимоии Тоҷикистон буда, низоми принсипҳоии асосии бунёди давлат дар боби аввали Конститутсия – асосҳои сохтори конститутсионӣ муқаррар карда шудааст. Он тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, сиёсиву ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву идеологӣ ва соҳаи байналмилалиро низ дар бар мегирад.

         Конститутсияе, ки 6 ноябри соли 1994 қабул гардид, дар ҳақиқат бахтномаи миллат, гувоҳномаи давлати соҳибистиқлол ва рисолаи тақдири кишвар буда, ба шарофати он ҷаҳониён Тоҷикистонро чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ, кишвари татбиқкунандаи сиёсати дарҳои кушод ва миллати тоҷикро чун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва соҳибтамаддун шинохтанд.

         Дар асоси меъёрҳои Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як шаҳрванд шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меоварад. Аз ин сабаб тақвият бахшидан ба таъминоти иҷтимоии аҳолӣ, тандурустӣ, маориф, илм ва фарҳанг яке аз ҳадафҳои асосии давлату ҳукумат ба шумор меравад.

         Конститутсия санади муҳими сиёсӣ - ҳуқуқие мебошад, ки роҳи расидан ба зиндагии орому шоистаро муайян мекунад, ин санад бори дигар аз соҳибистиқлолии комили давлат ва миллати тоҷик ба ҷаҳониён мужда мерасонад.

         Хулоса, давлату миллати тоҷик дар даврони истиқлолияти давлатӣ бар замми мушкилоту монеаҳои зиёд бо шарофати эҳтиром ва амалишавии меъёрҳои Конститутсия тавонистанд ҷомеае бунёд намоянд, ки дар он фазои озоду демократӣ ҳукмфармо аст ва суботи сиёсиву ваҳдати миллӣ, пешрафти устуворона ва пойдориву бардавоми имрӯзу ояндаи давлату миллат таъмин гардидааст.

 

   Қодирқулов Худойдод -             

   мутахассиси пешбари шуъбаи                                   

   байналмилалӣ, иттилоотӣ,

   таҳлилӣ ва ташкилии Дастгоҳи

   Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор