Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

КОНСТИТУТСИЯ - КАФИЛИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН ВА ШАҲРВАНД

Баъди соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати қабули Конститутсия пеш омад ва 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи райпурсии умумихалқӣ қабул гардид, ки ҷомеа ва давлати Тоҷикистон бо марҳилаи сифатан нави инкишофи таърихии худ ворид шуд ва дар кишвар давраи дигаргуниҳои куллӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа оғоз гардид. 

Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2023 қайд карданд: «Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад. Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем».

 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби як зумра мутахассисони кишварҳои ҷаҳон, дар радифи панҷ конститутсияи беҳтарини давлатҳои ҷаҳон ҷой дода шудааст.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 боб ва 100 модда иборат буда, таъмини соҳибихтиёрии давлат, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқадас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро дар бар гирифтааст, ки  дар дебочаи он ифода ёфтааст: «Мо халқи Тоҷикистон, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, ҳамин Конститусияро қабул ва эълон менамоем».

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар худ орзуву ормони чандинасраи халқи моро баҳри бунёди ҷомеаи адолатпарвар инъикос намудааст, барои эъмори давлати муосири миллӣ, пойдории ҳокимияти конститутсионӣ, ташаккули низоми ҳуқуқӣ, суботи сиёсӣ, таъсиси низоми самарабахши мақомоти ҳокимияти давлатӣ, таҳкими ғояҳои инсондӯстона дар тафаккури ҷомеа ва шинохти Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ нақши созгору таърихӣ дорад.

Бо қабули Конститутсия мардуми Тоҷикистон дар айёми ниҳоят ҳассоси таърихӣ бори дигар исбот карданд, ки ҳеҷ гуна душвориву мушкилот наметавонанд сокинони сулҳдӯсту созандаи кишвари моро аз роҳи эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ боз дорад.

Миллати тоҷик тавонист, ки таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути дар амал роҳандозӣ намудани меъёрҳои Конститутсия воқеан ҷомеаи адолатпарвар бунёд намояд ва дар фазои сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва пойдориву созандагӣ дар самти роҳи пешгирифтаи ояндасози давлату миллат ва муттаҳидкунандаи ҷомеаи навини Тоҷикистон устувор бошад.

Тибқи талаботи моддаи 11-и Конститутсия Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро дар амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муносибати хориҷиро дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ муайян мекунад.

Воқеан, Конститутсия ҷиҳати расидан ба ваҳдати миллӣ таҳкурсии устувор гардид ва дар марҳилаи ҳассоси таърихӣ барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории тоҷикон нақши тақдирсозу ҳалкунанда бозид.

Бо қабул гардидани Конститутсия сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ташаккул ёфт, аз ҷумла инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ў арзиши олӣ эътироф гардид.

Тибқи талаботи моддаи 14 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёри ҳуқуқӣ вобаста ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонида, онҳоро қисми  таркибии низоми ҳуқуқии кишвар эътироф кард.

Яке аз уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак ба ҳисоб меравад, ки он аз  санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, аз ҷумла  «Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон», «Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ», «Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ», «Конвенсия оид ба  ҳуқуқҳои кўдак» ва дигар санадҳо, ки аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расонида шудаанд, сарчашма мегирад.

Бо мақсади тақвияти кафолатҳои конститутсионии ҳимояи давлатии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бо ташаббуси  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  соли 2009 мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон таъсис дода шуд. Таъсиси мақомоти махсус дар соҳаи ҳуқуқи инсон ин ҷавобгўи эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ будани Ҷумҳурии Тоҷикистонро нишон медиҳад.

Бо назардошти мафиатҳои беҳтарини кўдак ва ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак, инчунин кафолатҳои давлатии амалишавии онҳо соли 2015 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак” қабул гардид, ки он ҳуқуқи кўдакро ба ҳаёт, озодӣ, дахлнопазирӣ шаъну эътибор, ҳаёти шахсӣ, ҳифзи саломатӣ, шахсият, озодии сухан ва виҷдон, иттилоот ва иштирок дар ҳаёти ҷамъиятӣ, моликият, манзил, таҳсил, меҳнат, истироҳат ва фароғат, муттаҳидшавӣ дар ташкилотҳои ҷамъиятии кўдакон ва ҷавонон ва тарбия дар оиларо кафолат медиҳад.

Бо мақсади таҳкими ҳифз ва пешбурди ҳуқуқҳои кўдак Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 2015 ба зарурати таъсис додани ниҳоди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд.

Ҳамин тавр, соли 2016 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки вазифаи асосии он аз мусоидат ба риояи ҳуқуқу озодиҳои кўдак, барқарорсозии ҳуқуқу озодиҳои вайроншудаи кўдак, такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқу озодиҳои кўдак, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои кўдак, мусоидат ба ҳамкориҳои мақомоти давлатӣ, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ вобаста ба ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак, рушд ва ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои кўдак, ба тасвиб расонидани санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар соҳаи мазкур иборат мебошад.

Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038 тибқи Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои давлатҳои аъзои Шурои СММ оид ба ҳуқуқи инсон тибқи расмиёти Шарҳи Универсалии Даврӣ (даври дуюм) барои солҳои 2017-2020, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 07 июни соли 2017, АП-901 тасдиқ шуда буд, таҳия ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2023, №357 тасдиқ шудааст.

Стратегия ҳамаи барномаҳои давлатиро муттаҳид ва ҳамоҳанг намуда, механизм ва расмиёти ҳифзи ҳуқуқи инсон ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалиро дар ин самт такмил медиҳад.

         Ҳадафи асосии Стратегия таъмини афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳамчун омили асосии сиёсати давлатӣ, ки самти рушди қонунгузорӣ, сиёсат ва амалияи қонунтатбиқкуниро ҳангоми қабули қарор аз ҷониби мақомоти давлатӣ муайян мекунад, ба ҳисоб меравад ва он бевосита аз Конститутсия сарчашма мегирад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 июли соли 2022 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз” мавриди амал қарор дода шуд, ки асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии амалигардонии ҳуқуқ ва имкониятҳои баробарро барои ҳамаи шахсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда, низоми ҳуқуқии пешгирӣ ва ҳифзи самаранок аз ҳама гуна шаклҳои табъизро муқаррар менамояд.

Тибқи талаботи моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини баробарӣ ва манъи ҳама гуна шаклҳои табъиз ба ҳисоб меравад.

Барои амалисозии фаъолият дар ин самт қонуни зикргардида дар Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон таъсис додани сохтори алоҳидаро пешбинӣ намудааст. Ҷиҳати иҷрои муқаррароти мазкур бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2023, №555 барои мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон воҳидҳои кории иловагӣ ҷудо карда шуд ва бо фармоиши дахлдори Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқ ба баробарӣ ва озодӣ аз табъиз таъсис ёфт.

Имрӯз, бо боварӣ гуфтан мумкин аст, ки мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккул ёфтааст ва фарогири низоми мукаммали ҳифзи ҳуқуқи инсон бо намояндагиҳои амалкунандаи худ дар вилоятҳои ҷумҳурӣ мебошад.

 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеияти истиқлолияти миллиро сабт намуда, аз ин роҳ рушди озодонаи давлатдории тоҷиконро таъмин мекунад. Давлатдории муосири тоҷикон анъанаҳои ниёгони худро идома дода, бунёд намудани давлати соҳибистиқлолро бар асоси таҷзияи ҳокимият, анъана ва арзишҳои ҷаҳонӣ дар шакли давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ, кафолати озодӣ ва ҳуқуқҳои инсон таъмин мекунад.

Итминони комил дорам, ки дар ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон таҳким ёфта дар ин раванд мардуми тоҷик сарҷамъ ва тифоқ бошанд.

Ҷашни 30 солагии Конститутсияро ба ҳамагон муборакбод гуфта, орзу дорам, ки он ба густариши худшиносӣ ва ваҳдати миллӣ, ватандўстиву ватанпарастӣ ва ифтихори ватандории ҳар фарди бонангу номуси Ватани азизи мо неруву тавони тоза бахшад, таманно дорам, ки Конститутсия ҳамчун шоҳсутуни сулҳу ваҳдат ва раҳнамои халқу миллат садсолаҳо ба халқу давлати тоҷикон хизмат намояд.

 

Мирзоев Ҳ.- Сармутахассиси шуъбаи ҳифзи давлатии

ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор