Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Шукрона аз он мекунем, ки мо - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 ҳама якдилона дар раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлолро қабул кардем ва дар он иброз намудем, ки: «Мо халқи Тоҷикистон, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дўстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарордода, ҳамин Конститутсияро қабул ва эълон менамоем».

Дар зери мафҳуми Конститутсия дар илми ҳуқуқшиносӣ одатан қонуни асосии давлат фаҳмида мешавад, ки дар он мувофиқи иродаю манфиати қувваҳои сиёсии дар ҷамъият ҳукмрон асосҳои сохтори давлатӣ муқаррар карда шудааст.

Конститутсия аз калимаи лотинии «constitutio» гирифта шуда, маънояш сохт ва муқарраркунӣ, барпо намудан, бунёд гузоштан, таъсис додан мебошад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади тақдирсозу муътабар қабул гардидааст ва тўли 30 сол мешавад, ки мавриди амал қарор дораду ба халқи Тоҷикистон асосҳои адолати ҳуқуқиро пешбинӣ намуда, хизмат менамояд.

Амалишавии 30-солаи Конститутсия собит сохт, ки халқи тамаддунсозу фарҳангӣ ва ободкори тоҷик тавонист санаде қабул намояд, ки дар ҳақиқат таҷассумгари манфиатҳои миллӣ буда, рушди бонизоми давлат ва ҳаёти осудаи ҷомеаро таъмин намояд.

Боиси сарфарозӣ ва ифтихор аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори беҳтарин кониститутсияҳо дар ҷаҳон пазируфта шуда, аз се як ҳиссаи он пурра ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст ва давлат ба он кафолат медиҳад.

Аз вақти қабул шудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрўз дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишварамон дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд.

Қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол аз ҷумлаи муҳимтарин рӯйдодҳои таърихи навини халқи тоҷик ва дастоварди бузурги мардуми кишвар мебошад.

Бо қабули Конститутсия халқи Тоҷикистон ба ҷонибдории давлате раъй дод ва онро ҳамчун ояндаи худ интихоб кард, ки дар ин давлат волоияти қонун ҳукумрон буда, ҳамаи аркони давлатдорӣ аз ҳуқуқ сарчашма мегиранд.

Аз ин ҷиҳат 6 ноябри соли 1994 барои тамоми мардуми тоҷик, яке аз рўзҳои таърихию тақдирсози миллат мебошад, зеро маҳз дар хамин рӯз бо роҳи райпурсии умумихалқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст, ки имсол мо 30-солагии онро ҷашн мегирем.

Таърих баён менамояд, ки дар Тоҷикистон аз соли 1929 то ба имрӯз, панҷ маротиба, яъне солҳои 1929, 1931, 1937, 1978 ва 1994 Конститутсияҳои гуногун қабул гардидаанд, вале Конститутсияе, ки айни ҳол амал мекукунад аз конститутсияҳои ќаблӣ фарқ дорад, зеро меъёрҳои он мустақиман амал намуда, ба стандартҳои санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.

Инчунин, Конститутсияи амалкунанда дар тафовут аз қонунҳои асосии пешинаи Тоҷикистон нахустин конститутсияест, ки бевосита аз ҷониби халқ бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидааст, яъне дар таърихи давлатдории тоҷикон аввалин маротиба ҳамраъйии халќ вобаста ба масъалаи асосҳои сохтори конститутсионӣ, хусусият, сохтор ва таркиби давлат, вазъи ҳуқуқии инсон, иттиҳодияҳои онҳо, асоси иқтисодии давлат, самтҳои асоси сиёсати хориҷӣ, ҳамзамон ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, тартиби ташкил ва таҷзияи ҳокимияти давлатӣ дар ин санад ифода гардидааст.

Пешрафти ҳаёти ҷомеа талаб намуд, ки муқаррароту меъёрҳои конститутсионӣ такмил дода шавад ва он ба талаботҳои  давру замон ва байналмилалӣ мувофиқ гардонда шавад.

Бо ин маќсад, бори якум 26 сентябри соли 1999 бо маќсади ҳаллу фасли як қатор масъалаҳои мубрами рўз, ки дар Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 27 июни соли 1997 ба имзо расидабуд, тағйиру иловҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба 31 моддаи Констиутсия тағйироту иловаҳо ворид карда шуданд.

Бори дуюм 22 июни соли 2003 бо маќсади арзиши олӣ эътироф намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мӯҳлати ваколати Президент, мӯҳлати ваколатҳои судяҳо ва муқаррароти интиқолӣ ва таҳриру тасҳеҳ, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба 56 моддаи Констиутсия тағйироту иловаҳо ворид карда шуданд.

Бори сеюм 22 майи соли 2016 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти рушди забони давлатӣ, баинобат гирифтани қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  4 октябри соли 2011, №458 тасдиқ шудааст, зарурат пеш омад, ки матни Конститутсия, истилоҳот ва ибораву калимаҳои он мукаммал гардонида шуда, вожаву таркибот тибқи меъёрҳои он дақиқ навишта шаванд. Зарурати дигари ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия ин ба ҳам мутобиқ намудани меъёрҳои Қонуни асосӣ ба истилоҳу меъёрҳои санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад ва ин навбвт ба 41 моддаи  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони тағийру иловаҳо ворид карда шуд.

Бояд ќайд кард, ки дар ҳар даврае, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ворид карда шудааст, дар он ҳуќуќу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон такмил меёбад ва баланд бардошта мешавад ва барои рушди соҳаҳои сиёсӣ, иктисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа мусоидат мекунад, ки ин пеш аз ҳама самараи заҳматҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи Тоҷикистон мебошад.

Волоияти қонун, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таҷзияи ҳокимият, масъулияти байниҳамдигарии давлат ва шахсият нишонаҳои асосии давлати ҳуқуқбунёд мебошанд.

Мустақиман амал кардани меъёрҳои Конститутсия, ҷузъи таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳурӣ эътироф шудани санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, ташкили Суди конститутсионӣ, як қатор шарту омилҳои дигари муҳими давлати ҳуқукбунёд аз ҷумлаи ҳамин кафолатҳо мебошанд.

Конститутсия ҳамчун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷиконро фароҳам оварда, шакли олии ифодаи ҳуқуқии давлатдории миллӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад.

Таҷрибаи қабули конститутсия дар давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар  Тоҷикистони мо баръало нишон медиҳад, ки он ҳамчун ҳуҷҷати бисёр муҳимми сиёсӣ ва санади олии ҳуқуқӣ бо истиқлоли давлатӣ робитаи ногусастанӣ дорад.

Дар баробари ин, Конститутсияи мо аз таҷрибаи пешқадами конститутсионализми давлатҳои мутараққии дунё низ баҳраи фаровон гирифтааст. Беҳуда нест, ки он аз ҷониби созмонҳои бонуфуз ва коршиносони маъруфи ҷаҳон аз ҷумлаи конститутсияҳои беҳтарин ва демократӣ эътироф шудааст.

Пас, вазифаи асосии мо - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ин эҳтиром ба ин санади тақдирсозу муқаддас мебошад, зеро он ҳуқуқу озодиҳои ҳар кадоми моро ба сифати арзиши олӣ эътироф намуда, ҳифзи қонунии як силсила ҳуқуқҳои фитрии инсон, аз ҷумла дахлнопазирии ҳаёт, қадр, номус, инчунин озодии виҷдону эътиқод ва дигар ҳуқуқу озодиҳои моро кафолат медиҳад.

Аз ин лиҳоз, риояи Конститутсия ва таъмини волоияти қонун вазифаи ҳамаи мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як фарди бонангу номус мебошад.

 

Хуршед Давлатов – Роҳбари

 Намояндагии Ваколатдор оид ба

ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор