Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Эмомалӣ Раҳмон - абармарди дунёи сиёсат

      Солҳои 90 – уми асри гузашта  дар Тоҷикистон садои тиру тӯп баланд буд ва хун мерехт. Таърих гувоҳ аст, ки сарнавишт дар айёми бедорӣ ва қадамҳои нахустини мустақилона тоҷиконро ба имтиҳони сахту сангине рӯ ба рӯ гузошт. Сияҳкорони дохиливу хориҷӣ Тоҷикистони тозаистиқлолро ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида, боиси харобӣ, хисороту қурбониҳои зиёд гардиданд ва пояҳои иқтисодиву маънавӣ, рукнҳо ва асосҳои давлатдориро фалаҷ намуданд. Оташи ҷанги шаҳрвандӣ гӯё замину замонро ба коми худ фурӯ мебурд.   

     Дар чунин шароити душвори сиёсӣ шаҳрвандони ҷумҳурӣ тавассути вакилони худ дар Шӯрои Олии кишвар масъулияти бузург ва беназири давлатдории хешро ифода сохта, комёб ба он шуданд, ки барои аз нав барқарор намудани асосҳои давлатдорӣ, таъмини қонуният, сулҳ ва ризоияти миллӣ 16 – уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳумро баргузор намоянд.

     Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми масъулиятро дар назди таърих, миллат, Ватан ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба дӯш гирифта, иқдоми аввалро дар роҳи ба даст овардани сулҳу ризоияти миллӣ ва аз вартаи нести раҳонидани ҷумҳурӣ пеш гузошта, вазъи сиёсиву иқтисодии кишварро бо дурнамои рушди ояндаи он дар Иҷлосияи XVI муайян намуд.

     Ибтикори дигари тақдирсоз дар Иҷлосияи таърихии XVI интихоби нави Роҳбарияти олии сиёсии ҷумҳурӣ буд. Дар замони ошуфтагӣ ва бенизомию бесуботӣ дар ҷомеа ва умури давлатдорӣ, ки умеди роҳи наҷот аз ҳеҷ самте ба чашм намерасид, шахсияте ба роҳбарияти олӣ интихоб шуд, ки бо эътимод ба фазли худодод ва рӯҳи ниёгони бузурги миллат мулку мардуми худро соҳибӣ намуд ва дар роҳи расидан ба саодати миллӣ раҳнамо шуд.

     Дар чунин шароит барои наҷоти миллат ва таъмини Истиқлолияти давлатӣ роҳнамои хирадманд, сиёсатмадори қавиирода ва ватандӯст чун обу ҳаво зарур буд. Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори амонати давлатдорӣ ва раҳоӣ аз ин мушкилоти ҷиддиро ба дӯши роҳбари ҷавон – Эмомалӣ Раҳмон гузошт. Таърих бо ҳаводиси рӯзгор ва вақт ҳамчун устоди бузург нишон доданд, ки ӯ ин бори амонатро ҷавонмардона дар доираи манфиатҳои имрӯзу фардои халқ то нуқтаи зарурӣ расонад.

     Роҳбари ҷавони ҳамагӣ чиҳилсола бо халқи пароканда дар рӯ ба рӯи вазифаҳои бузурги таърихӣ бо фурсатҳои хеле кӯтоҳи таърихӣ қарор дошт. Расидан ба ваҳдат, таъсиси мақомоти давлатӣ ва эҳёи қонунии вазифаҳои идораи давлат, муайян намудани роҳи таърихии давлат барои ояндаи наздику дур, муаррифии кишвар ба ҷомеаи ҷаҳон, ҳифз намудани манфиатҳои миллӣ дар арсаи байналмилалӣ ва масъалаҳои мубраму авалиндараҷае буданд, ки бояд дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин ҳалли худро меёфтанд. Масъалаи ҳастии халқи соҳибдавлат бевосита ба мазмуну мӯҳтаво ва дурустии ҳалли ин мушкилиҳо вобастагӣ дошт. Имрӯз агар ба он солҳои мудҳиши сипаришуда мунсифона назар намоем, бешак иқрор хоҳем шуд, ки ин як даврони имтиҳони таърихии давлати мо буд, ки халқи тоҷик зери роҳбарии Пешвои худ аз он на танҳо бо сарбаландӣ гузашт, балки корҳои муайяни давлатсозию давлатдориро барои наслҳои оянда иҷро карда, рушди ҳокимияти намояндагиро ба сӯйи парламентаризми касбӣ таъмин намуд.

     Маҳз дар иҷлосияи тақдирсоз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби намояндагони мардуми кишвар ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, ҳамзамон ваколати сардори давлат ба он кас дода шуд. Сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат назми ҷомеаро ба вуҷуд оварда, мардумро ба ояндаи дурахшон бовар кунонид.

      Зеро аз рӯзи ба вазифа шурӯъ кардан ба мардуми шарафманди Тоҷикистон муроҷиат намуда, чунин иброз доштанд, ки “Ман ба ҳар яки Шумо дар давраи барои Ватан хело душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати Шумо, ки ворисони фарзандони барӯманди миллати тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфоии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам”.     

     Гузашти замон бо воқеаҳои сарнавиштсози он бо камоли сароҳат собит намуданд, ки интихоби Эмомалӣ Раҳмон бар мансаби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвари давлат як падидаи барҷастаи ояндасоз буд.                 Дар воқеъ, ба таърихи даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон, ба пешрафтҳои азиме, ки халқи тоҷик ноил гардиданд, аз ҳар самте, ки назар афканем, бо кору пайкори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон пайванд мегирад. Боиси ифтихор ва шукургузорист, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи шахсиятҳои номовари олами сиёсат бо бунёди давлати ободу озод дар анҷумани кишварҳои ҷаҳон Тоҷикистонро аз обрӯву нуфуз ва мақоми арҷманд бархурдор намуд. Бо шарофати иродаи қавии сиёсӣ ва заҳмату талошҳои пайопайи Эмомалӣ Раҳмон нақшаҳое, ки дар иҷлосияи таърихии Шӯрои Олии Тоҷикистон ба хотири оштии миллӣ, таъмини сулҳу субот ва пешрафти минбаъдаи кишварамон тарҳрезӣ шуда буд, дар як фосилаи кӯтоҳи таърихӣ амалӣ гардиданд. Аз нахустин рӯзҳо тамоми саъю кӯшишҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он равона шуданд, ки оташи ҷанги шаҳрвандӣ хомӯш гардида, вазъи сиёсии кишвар ба эътидол оварда шавад ва мақомоти фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатӣ ба фаъолияти ҷиддӣ шурӯъ намояд.

      Фосилаи кӯтоҳи вақт собит сохт, ки ин шахсият дар ҳақиқат сиёсатмадори соҳибтадбир буда, илоҷи мушкилоти пешомадаро пайдо мекунад.      Тоҷикистон роҳи бунёдкорӣ ва ободониро пеш гирифта, бо муттаҳид шудан дар атрофи Пешвои худ ба сӯи пирӯзиҳо, ба сӯи сохтани ҷомеаи мутамаддину озод ва демократию ҳуқуқбунёд роҳ мепаймояд.

      Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки халқаҳои аз ҳам гусастаи Тоҷикистонро ба занҷираи мустаҳками иттиҳод пайвастанд, миллати азияткашидаи тоҷиконро аз вартаи ҳалокат ва нобудӣ ба раҳоӣ оварданд, як меҳани соҳибистиқлолу воҳид эъмор карданд ва худ девору қалъаи Тоҷикистон гардиданд.

      Имрӯз, арҷгузорӣ ба Президент ҳамчун Сарвари сиёсӣ, ташаббускори созандаю бунёдкор ва қосиди сулҳ эҳтироми самимиест, ки шаҳрвандони кишварамон шукргузории худро дар ин рӯз ба Пешвои муаззам самимона изҳор менамоянд.

      Дастоварду заҳматҳои Пешвои миллатамонро шахсиятҳое ба монанди собиқ роҳбари СММ Кофи Аннан, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Раиси Ҷумҳурии Мардуми Чин Си Чинпин, собиқ сарвари Ҷумҳурии Мардуми Чин Ху Сзинтао, аввалин Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Президенти Беларус Александр Лукашенко, Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва дигар сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ баҳои баланд додаанд, ки ҳамчун ҳукми таърихӣ дар саҳифаҳо сабт ёфтаанд. Аз ҷумла Владимир Путин - Президенти Федератсияи Россия гуфтааст: “Эмомалӣ Раҳмон яке аз симоҳои барҷаста буда, дар байни сиёсатмадорони ИДМ мавқеи намоёнро ишғол мекунад. Ин беҳуда нест. Тамоми ҷидду ҷаҳди ӯ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ тавре пойдор аст, ки назираш дар ҳеҷ як мамлакате, ки чунин вазъияти муташаниҷ дошт, дида намешуд. Ҳар он чи оид ба ин масъала дар Тоҷикистон амалӣ гардидааст, мисоли хубест барои бисёр халқҳову мамолики дигар”.

      Дар ин росто 15 апрели соли 2016 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ бо назардошти саҳми арзандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлати миллӣ, эҳёи фарҳанг ва тафаккури давлатдорӣ, таъмини сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ ва баланд бардоштани имиҷи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” тағйирот ворид намуда, 16 – уми ноябрро ҳамчун “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” муқаррар намуд, ки аз ин баъд ҳамасола таҷлил карда мешавад. Имрӯзҳо мо дар арафаи таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем ва соли нуҳум аст, ки чунин ид дар саросари кишвар таҷлил мешавад. Аз дидгоҳи мо ин ҷашни шукуҳманд барои ҷомеаи навини тоҷик дорои аҳамияту ҳикмати зиёд аст. Зеро ин санаи муборак дар ҳоле ҳамчун рӯзи ид шинохта шуд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол дар масири тамаддуни ҷаҳонӣ вориди марҳалаи тоза мегардад ва гиромидошти Рӯзи Президент дар шинохти саҳеҳтарин арзишҳои милливу давлатдорӣ нақши амиқ мегузорад.

     Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ин рамзи пойдориву бардавомии давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ, кафили рушди босубот ва устувори ҷомеаи Тоҷикистон мебошад. Мо фахр аз он дорем, ки имрӯз Пешвои миллат ҳамчун сарвари сиёсатмадор, оқилу доно, ки ҷони худро фидои миллату давлат намудааст, бар сари миллати тоҷик соябон аст.                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                               Сафаргули Шамсулло -

 сармутахассиси шуъбаи

 байналмилалӣ, иттилоотӣ,

 таҳлилӣ ва ташкилии Дастгоҳи ВҲИ 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор