Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Мавзуъ: “Нақши Пешвои миллат дар таҳкими

ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд”

 

Ниҳоди президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ниҳоди конститутсионӣ ва сиёсию ҳуқуқие мебошад, ки дар он Президент сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия дониста мешавад.

Тавре маълум аст, истилоҳи “президент” ифодакунандаи сардори давлат дар бисёре аз мамлакатҳои дорои шакли идоракунии ҷумҳурӣ арзёбӣ гардидааст. Бинобар ин, мафҳуми «президент», ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маънои конститутсионӣ-ҳуқуқии сардори давлат ва ҳокимияти иҷроия истифода шудааст, ба шакли пайдоиши классикии ин ниҳод дар низоми таҷзияи ҳокимияти давлатӣ мувофиқ ва қобили қабул мебошад.

Президент баёнгари ягонагии давлат буда, ҷумҳуриро дар муносибатҳои байналмилалӣ намояндагӣ мекунад ва ҳуқуқи аз номи ҳамаи халқи Тоҷикистон сухан гуфтан дорад. Ҳамчун сарвари ҳокимияти иҷроия Президент – Раиси Ҳукумати Тоҷикистон, роҳбар ва масъули дуруст ба роҳ мондани масъалаҳои идораи давлат дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иҷрои қонунҳо мебошад.

Вазъи ҳуқуқии Президентро салоҳиятҳои ӯ, ки дар сатҳи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои ҷорӣ, қонунгузорӣ дар ҳаллу фасли масъалаҳои ҳаётан муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, ташкили мақомоти давлатӣ ва муайян кардани низоми он, таъмини ҳуқуқу манфиатҳои миллат, халқ ва шаҳрвандон, ҷобаҷогузории кадрҳо муайян намудааст, нақш ва мақому манзалати ӯро дар мураттабсозии ташкили низоми ҳокимияти давлатӣ вусъат мебахшад.

Президенти Тоҷикистон на танҳо кафили Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки кафили ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тибқи моддаи 64 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври конститутсионӣ муқаррар карда шудааст, ки давлат ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ҳимоя мекунад, дар ҳоле, ки чунин ҳимоя тавассути фаъолияти сохторҳои давлатии тамоми шохаҳо ва сатҳҳои ҳокимияти давлатӣ таъмин карда мешаванд. Ин ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита татбиқшаванда буда, мазмун, моҳият ва татбиқи он дар муқаррароти асосии қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дарҷ гардида, арзиши олии давлат эътироф гардидаанд.

Конститутсия дар амалигардонии назорати риоя, татбиқ ва ҳимояи ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд ба Президент нақши махсус мегузорад. Дар матни савганди раисиҷумҳур, ки ӯ дар маросими савгандёдкунӣ ба мардум баён менамояд, суханҳо дар бораи масъулияти дифоъ аз Конститутсия, эҳтиром ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, содиқона ба халқ хидмат кардан ишора мешаванд.

Шарти зарурии эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд он вазъияте мебошад, ки тамоми мақомоти давлатӣ вазифаҳои ба зиммаашон гузоштаи Конститутсияро дар доираи салоҳияти худ ба ҷо меоранд, ба ин васила чунин вазъиятро дар ҷомеа танҳо метавонад Роҳбари давлат таъмин намояд. Бо ин мақсад Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти мамлакат ваколати васеъ дар таъмини фаъолияти ҳамоҳангкардашуда ва ҳамаҷонибаи ҳамаи мақомотҳои давлатиро муқаррар кардааст.

Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми Президентро ҳамчун кафили ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд муайян намуда, ба ин васила ба ӯ имкон медиҳад, ки шароит ва воситаҳоро барои амалисозии бемамониат фароҳам созад.

Бояд зикр кард, ки афзалияти мавқеи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми мақомоти давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу озодиҳо комилан асоснок аст, зеро Ӯ ҳамчун намояндаи фардии кишвар амал карда, фаъолияти мунтазами тамоми дастгоҳи давлатиро ҳамоҳанг ва таъмин менамояд.

Вазифаҳои асосии Сарвари давлатро оид ба таъмини кафолати эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд метавон ҳам ба маънои васеъ ва ҳам ба маънои маҳдуд баррасӣ намуд.

Ба маънои васеъ вазифаҳои Президент оид ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд тибқи моддаи 64 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба салоҳияти ӯ алоқаманданд, баррасӣ кардан мумкин аст. Дар ин ҳолат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили Конститутсия баромад мекунад, зеро ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Қонуни асосии кишвар ифода ёфта, қисми ҷудонашаванда ва муҳими онро ташкил медиҳанд ва дорандаи ҳифозати баланд гаштааст.

Ба маънои маҳдуд, вазифаҳои Президент оид ба таъмини кафолати ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандро метавон тибқи моддаи 69 Конститутсия баррасӣ кард, ки дар муайн кардани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, қабули қарорҳо оид ба масъалаҳои шаҳрвандӣ ва додани паноҳгоҳи сиёсӣ, татбиқи тартиби бахшиши ҷазо, додани унвонҳои фахрӣ, рутбаҳои олии ҳарбӣ ва махсус ва монанди инҳо ифода меёбад.

Ҳамчун кафили ҳуқуқ ва озодиҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат ба тамоми низоми мақомоти давлатӣ такя намуда, ба ин тартиб самаранокии фаъолияти шохаҳои қонунгузор, иҷроия ва судии ҳокимиятро бидуни дахолат ба салоҳияти онҳо таъмин месозад.

Воқеияти муосир гувоҳӣ медиҳад, ки ҳуқуқи инсон то ҳол дастури асосии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва мансабдорони тамоми сатҳҳо нагардидааст. Ҷиҳати татбиқи ин масъала албатта ҳузури шахсияте, ки берун аз низоми назорату мувозинат қарор дорад, бо ангезаҳои гуногуни манфиатпарастӣ гарон нест, балки дар бораи манфиатҳои миллии давлат ва махсусан халқияту ашхос ғамхорӣ мекунад, бешубҳа Президенти кишвар мебошад.

Танҳо Сарвари давлат қодир аст, ки идоракунӣ, ҳамоҳангсозӣ ва назоратро нисбат ба механизми давлат таъмин намояд, низоми идоракунии мутақобиларо ташкил кунад, тамоми марҳалаҳои фаъолиятро бо тартиби корӣ бо ҳам алоқаманд созад ва албатта дар амалисозии ин мақсадҳо, бешубҳа Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Маъмурияти Президент ёрӣ мерасонад.

Президент вазифаи кафилро иҷро карда, ҳамчун барандаи фаъоли ислоҳот, аз ҷумла дар соҳаи сиёсӣ баромад мекунад.

Бо ташаббуси қабули қонунҳо, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ислоҳоти ҳокимияти давлатӣ, мустаҳкам намудани муносибатҳои воҳидҳои сохтории давлат, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, инкишофи институтҳои гуногуни ҷомеаи шаҳрвандӣ, амру фармонҳо мебарорад. Ҳамкории мутақобилаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маҷлиси Олии Ҷумҳқрии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи муҳими сохтори давлатӣ, барои ҳифзи сохти конститутсионӣ ва таъмини ҳуқуқии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд хизмат мекунад. Он ба принсипҳои конститутсионии марбут ба салоҳияти ҳокимияти қонунгузорӣ дар қабули қонунҳо асос меёбад, ки мазмун ва мундариҷаи асосии онҳоро ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳанд. Иштироки Президенти мамлакат дар раванди қонунгузорӣ – ин имконияти додани кафолат аз ҷониби худи Роҳбарияти давлат дар қабули қонунҳое, ки ба манфиатҳои инсон, принсипҳои эҳтиром ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо ҷавобгу, инчунин ба таъмини фазои ягонаи ҳуқуқӣ дар саросари Тоҷикистон равона шудааст, ба шумор меравад.

Афв кардан салоҳияти анъанавии Сарвари давлат аст. Ин амали ҳокимияти олӣ аст, ки маҳкумшударо пурра ё қисман аз ҷазо озод мекунад ё ҷазоро бо ҷазои сабуктар иваз мекунад. Бо қабул намудани санади авф, Президент ба салоҳияти мақомоти судӣ барои тағйир додани ҷазо бе ҳеҷ ваҷҳ дахолат намекунад, балки танҳо бо нишон додани нияти инсондӯстона ва ғамхорона, ки сарнавишти маҳкумшуда бо умеди он, ки маҳкумшуда имкони ислоҳи худро дарк мекунад, амалӣ карда мешавад.

Мутобиқи қисми 26 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як шахсе, ки барои ҷиноят маҳкум шудааст, ҳуқуқ дорад ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бораи талаб кардани бахшиши ҷазо муроҷиат намояд. Ҳамин тавр, тибқи моддаи 83 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшиши ҷазо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати шахси муайян татбиқ мегардад. Бо санади бахшиши ҷазо шахси барои ҷиноят маҳкумшуда метавонад ҳам аз ҷазои асосӣ ва ҳам иловагӣ пурра ё қисман озод карда шавад ё қисми ҷазои адонакардаи ӯ ихтисор гардад ё ба ҷазои сабуктар иваз карда шавад. Ҳамчунин, шахсе, ки ҷазоро адо кардааст, метавонад бо санади бахшиши ҷазо доғи судиаш аз байн бурда шавад.

Тибқи маълумоти оморӣ, дар давоми 30 соли Истиқлолияти давлатӣ 16 маротиба қабул гардидани қонунҳои авф, аз он гувоҳи медиҳад, ки таъмини кафолати риоя ва ҳимфзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баръало назаррас аст. Яъне ин бори дигар собит месозад, ки Пешои муаззами миллат ҳамавақт дар таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон салоҳияти беандозаи худро истифода карда, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки талаботи қонунгузорӣ ва принсипҳои давлати ҳуқуқбунёд ва демократӣ риоя ва эҳтиром карда шаванд.

 

Ҳамин тариқ, афзалият ва арзиши асосӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд пазируфта шуда, вазифаи асосии давлат таъмини онҳо тавассути принсипҳои эътироф, риоя ва ҳимоя мебошад. Ин дастур ё маҳаки асосиест, ки давлат онро дар сиёсати бевоситаи худ роҳнамоӣ мекунад.

Шарти зарурии таъмин ва амалӣ намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд вазъияте дониста мешавад, ки дар он тамоми мақомоти давлатӣ дар доираи салоҳияти худ бо татбиқи раванди ҳамоҳангсозӣ, мутобиқат ва мутақобилаи иҷрои вазифаҳои конститутсионии худро самаранок ва пурра амалӣ намоянд.

Албатта ташкил ва таҳкиму татбиқи ин гуна равандро шахсе таъмин карда метавонад, ки ҳокимияти олиро доро буда, манфиатҳои миллии давлат, алалхусус нисбат ба ҳар як афроди ҷомеа ғамхории беандоза зоҳир мекунад. Айни замон чунин шахси барҷаста дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомлаӣ Раҳмон мебошад, ки аз назари қиёс бо вазни худ муқоисашаванда набуда, дар таърихи давлатдории тоҷикон назир надорад.

 

Солеҳзода З.И. –

Сардори Шуъбаи ҳифзи давлатии

ҳуқуқи истифодабарандагони

хизматрасониҳои молиявӣ

ва ҳуқуқи соҳибкорон

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор