Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Ҷаҳонсозу ҷаҳоноройӣ, эй зан,

Сутуни гунбади миноӣ, эй зан.

На танҳо қалъаи дилҳоӣ, эй зан,

Ки ҳатто қалъаи дунёӣ, эй зан.

Ҷашн гирифтани «Рӯзи Модар» таърихи тӯлонӣ дошта, бо гузашти солҳо дар аксари давлатҳои пешрафта бо тарзу усули гуногун роҳандозӣ мешуд.

Мавриди зикр аст, ки ин санаи муқаддас дар аввал ҳамчун рӯзи мубориза бар зидди беҳуқуқии занон қайд гардида, он на «Рӯзи Модар», балки ҷашни занони инқилобгар ном дошт.

Таърих гувоҳ аст, ки 8-уми марти соли 1857 дар Ню-Йорк коргарзанони фабрикаҳои пойафзол ва дӯзандагӣ гирдиҳамоӣ карда, аз соҳибмулкон даъвои кӯтоҳ кардани рӯзи корӣ, беҳтар кардани шароити меҳнат ва маоши ба мардон баробарро талаб намуданд. Он солҳо занон дар як шабонарӯз то 16 соат меҳнат мекарданд, вале музди ночиз мегирифтанд. Ин ноадолатӣ боис гашт, ки занон барои барқарор намудани ҳуқуқу озодиҳояшон мубориза баранд.

Мавриди зикр аст, ки ҷашнгирии ин санади таърихӣ бо номи Клара Сеткин алоқамандии зич дорад. Зеро ин шахсият гурӯҳи инқилобии худро, ки аз занон иборат буд, барои мубориза бар зидди истисморгарон ташкил намуда, ҳуқуқу озодиҳои поймолгаштаи занонро барқарор намуд.

Дар робита Созмони Милали Муттаҳид соли 1975 ин санаи таърихӣ, яъне 8 -уми мартро ҳамчун Рӯзи байналмилалии занон эълон намудааст.

Мардуми соҳибфарҳанги мо аз даврони қадим ба қадру мартабаи волои модар арҷ мегузоштанд ва ба ҷо овардани ҳурмату эҳтироми ӯ то ба имрӯз яке аз сунатҳои миллии мо ба шумор меравад.

Яъне, ниёгони соҳибилму бофарҳанги мо ба қадру қиммат ва эҳтироми модар, ҳамчун парвандаи арзишҳои волои умумиинсонӣ, ба монанди муҳаббат, дӯстӣ, адолатпешагиву ҳақталошӣ, тарбиятгари инсони поксиришту накӯкор, далеру шуҷоъ ва ватандӯсту ватанпарвар мерасиданд.

Занон натанҳо дар қиссаву ривоятҳо, балки дар асл низ ҳамчун сарлашкари мулки худ буданд. Чунончӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо зиёиёни кишвар қайд намуданд: «Дар саҳифаҳои дурахшони таърихи миллатамон номҳои Гурдофарид, Томирис, Рухшона, Маликаи Бухорхудот, Робиаи Балхӣ, Зебуннисо ва садҳо модарону хоҳарони хирадманду фарзона, донишманду оқила, размандаву ҷасур бо ҳарфҳои зарин сабт шудаанд. Зеро кору пайкори онҳо то ҳанӯз намунаи ибрат, сабақи зиндагӣ, сазовори пайравӣ ва ифтихори миллати тоҷик мебошад».

Дар ин росто хизматҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба қадру қимат ва эҳтироми зан-модар ҳамчун сарчашмаи зиндагӣ, бузургтарин ва муқаддастарин инсон, нахустустоди инсоният бениҳоят бузург аст. Ин нуктаҳо дар ҷаҳду талошҳои пайвастаи Сарвари давлат, дастуру супоришҳо, паёмҳои табрикотӣ ва суханрониҳояшон аз минбарҳои баланди сатҳи милливу байналмилалӣ, ҳангоми вохӯриҳо бо аҳли ҷомеа равшан ифода ёфтаанд. Аз ҷумла Сарвари давлат қайд намуданд, ки: «Дили тавонои модар муҳаббатро мепарварад, руҳафтодаву дилшикастагонро умед мебахшад, ба ҳар кадоми мо болу парвоз ва неруи зиндагӣ ато мекунад».

Ҳар хонадоне, ки аз нусрату баракати зан баҳравар нест, онҷо баракат нест. Дар урфият мегуянд: «Саодати зиндагӣ дар калимаи зан нуҳуфтааст». Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз одамизотро аз гирдорҳои зиндагӣ беҳтар аз муҳаббати модар роҳбаладӣ ҳимоя карда наметавонад. Ва ба ҳамин маънӣ Сарвари кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо занони фаъоли Тоҷикистон иброз доштанд, ки «Ҷомеае, ки ба зан - модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад. Давлате, ки нисбат ба модар ин сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсон бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад». Мо аминем, ки худшиносӣ, маърифати баланд, меҳнатдӯстӣ, фарҳанги оиладорӣ ва дурандешии зани тоҷик, ки дар идоракунии давлат ва ҷомеаи солим низ ҳиссаи арзанда гузошта метавонад, калиди бахту саодат ва роҳ ба сӯи комёбиҳост.

Мо аз саҳифаҳои таърихи хеш хуб медонем, ки дар давраҳои гузашта занону модарон дар қатори мардон ба муқобили душман муборизаи беамон бурда, дар таъмини озодиву истиқлолият ва оромиву суботи сарзаминӣ аҷдодиамон саҳми сазовор гузоштаанд. Маҳз ба ҳамин хотир барои мо мафҳумҳои Модар ва Ватан ҳаммаъно ва бисёр азизу муқаддас мебошанд.

Дар фарҷом, модарону бонувони азизу арҷмандро ба муносибати фарорасии иди «Рӯзи Модар» самимона табрик гуфта, ба аҳли хонадонашон бахту саодат, ободиву осоиштагӣ ва хушҳоливу хушрӯзиро орзу менамоем.

Сармутахассиси

Шуъбаи ҳифзи давлатии

ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ

ва фарҳангии Дастгоҳи ВҲИ ҶТ                                             

Ҳ. Давлатов

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор