Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Дар даврони соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, дар арсаи байналмилалӣ мақому манзалати хоса пайдо намуд. Нуфузу обрӯи Тоҷикистон сол ба сол баланд гардида, кишвари мо узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ шуд ва аксарияти санадҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсонро эътироф намуда, онҳоро ба имзо расонид.

Аз ҷумла Эъломия умумии ҳуқуқи инсон (1948), Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ (с.1999), Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои сиёсӣ ва шаҳрвандӣ (с. 1999), Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак (с. 1993), Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои таъбиз нисбати занон (с. 1993), Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи шаъну шараф (с. 1995), Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон (с. 1993), Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқҳои ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо (с. 2002) ва ғайраҳо.

Дар баробари дигар дастовардҳои ҷумҳурӣ таъсиси мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон низ ба даврони соҳибистиқлолӣ рост меояд. Истиқлолияти давлатӣ барои рушди ҳуқуқи инсон заминаи мусоид фароҳам овард. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун механизми иловагии ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи инсон вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Ҷиҳати амалӣ намудани фаъолияти ниҳоди мазкур 20 марти соли 2008 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки дар қонуни мазкур мустақилият, таъин, талабот нисбати номзад, мӯҳлати ваколат ва дигар масъалаҳои фаоъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзими худро ёфтанд.

 Шурӯъ аз соли 2009 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти пурсамар дорад, ки механизми миллии ҳифзи ҳуқуқи инсонро пурра намуда, барои беҳтар кардани корҳо дар самти риояи ҳуқуқи инсон мусоидат менамояд. Барои таъмини фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аз 29 июли соли 2009 таъсис дода шудааст, ки 17 хизматчии давлатиро дар бар мегирифт, айни ҳол шумораи хизматчиёни давлатӣ (бе дарназардошти ҳайати хизмарасон ба 25 нафар расонида шудааст.

Дар ин давра Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ду Стратегияи фаъолияти худро барои солҳои 2011- 2015 ва 2016 -2020 қабул ва амалӣ намуд. Бояд қайд намуд, ки соли 2020 мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи фаъолияти худро барои солҳои 2021- 2025 таҳия намуд, ки барои фаъолияти самаранок дар солҳои минбаъда мусоидат менамояд.

Дар фаъолияти худ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон озоди аз шиканҷа, мусоидат ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар муассисаҳои пӯшида ва қисман пӯшида, ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот, баробарии гендерӣ ва пешгирии зӯроварӣ дар оила, ҳуқуқи шахсони дорои маъюбият, ҳуқуқҳои ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо ва ҳуқуқи кӯдак ба таҳсилро ҳамчун самти афзалиятнок интихоб намудааст. Самтҳои афзалиятнок бо дарназардошти таҳлили вазъи ҳуқуқи инсон, имкониятҳои мақомот барои самаранокии бештари фаъолият дар ҳалли масъалаҳои муҳими ҳуқуқи инсон равона гардидаанд.

Фаъолияти минбаъдаи мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар даврони соҳибистиқлолӣ рушд ёфта, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ қабулгоҳҳои ҷамъиятии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон таъсис дода шуданд. Шурӯъ аз соли 2016 то соли 2020 дар ҷумҳурӣ 3 намояндагӣ ва 6 қабулгоҳи ҷамъиятӣ фаъолият мекард. Бо пеш омадани мушкилоти молиявӣ, айни ҳол фаъолияти қабулгоҳҳои ҷамъиятӣ дар шаҳри Турсунзода, ноҳияҳои Айнӣ ва Рашт муваққатан қатъ карда шудааст.

Мусоидат намудан дар барқарор намудани ҳуқуқҳои вайроншудаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо дар хориҷи кишвар, яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Бо ин мақсад Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбекистон, Арменистон, Озорбойҷон ва ғайраҳо ҳамкориҳои дуҷонибаи судмандро ба роҳ монд. Дар ин самт 21-22 майи соли 2019 дар шаҳри Душанбе Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: дастовардҳо ва дурнамо» баргузор гардид.

 Дар конференсия роҳбарон ва намояндагони ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Россия, Озорбойҷон, Туркманистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, роҳбарону кормандони мақомоти давлатӣ, намояндагони Зеркумитаи аккредитатсионии Кумитаи байналмилалии ҳамоҳангсози фаъолияти ниҳодҳои миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони СММ, Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон, Барномаи Рушди СММ, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, корпусҳои дипломатии муқими Душанбе, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма дар маҷмуъ зиёда аз 120 нафар иштирок намуданд.

   Бо мақсади иттилоотонии мақомоти давлатӣ аз фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазъи риояи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд дар ҷумҳурӣ ҳамасола на дертар аз моҳи феврал Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди олии иқтисодӣ ва Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза ирсол менамояд. Маърузаҳо бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр шуда, матни электронии онҳо дар сомонаи мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон www.ombudsman.tj ҷой дода мешаванд.

Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ низ иштироки фаъолона дорад. Кормандони он барои омода намудани маърӯзаҳои миллӣ дар гурӯҳҳои кории байниидоравӣ ҷалб карда мешаванд. Аз ҷумла дар гурӯҳҳои корӣ оид ба омода намудани Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои сиёсӣ ва шаҳрвандӣ, Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак, Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои таъбиз нисбати занон, Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва ё таҳқиркунандаи шаъну шараф, Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон, Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқҳои ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо ва ғайраҳо иштирок намуданд.

Мусоидат ба риояи ҳуқуқи инсон тақвияти кафолатҳои конститутсионии ҳимояи давлатии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд буда, мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти худ баҳри мусоидат намудан ҷиҳати барқарор намудани ҳуқуқу озодиҳои вайроншудаи инсон ва шаҳрванд, такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ кӯшиш менамояд.

 

Раҷабов Ш.

Сардори Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои

 иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Дастгоҳи ВҲИ ҶТ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор