Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

November 2024
M T W T F S S
1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти афзун гардидани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳони ба масъалаҳои об ва муҳимияти захираҳои обӣ барои ноил гардидан ба рушди устувор масъалаҳоро вобаста ба об дар рӯзномаи ҷаҳонӣ тавсеа мебахшад.

Сар карда аз соли 2000 инҷониб бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Асамблеяи генералии СММ 7 қарордод вобаста ба ҳалли масъалаҳои об қабул намуд, ки номгӯи зерин аз муҳимтарини онҳо мебошанд:

Соли байналмилалии оби тоза, соли 2003.

Қатъномаи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид аз 20 декабри 2000, 55/196, 55-ум сессия(pdf)

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», соҳои 2005-2015.

Қатъномаи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид аз 23 декабри 2003 года, 58/217, 58‐ум сессия(pdf)

Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, соли 2013.

Қатъномаи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид аз 20 декабри 2010 года, 65/154, 65‐ум сессия(pdf)

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», соҳои 2018‐2028.

Қатъномаи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид аз 21 декабри 2016 года, A/RES/71/222, 71‐ум сессия(pdf)

 

ИСЛОҲОТИ СОҲАИ ОБ

Об як ҷузъи муҳими муҳити зист, захираи табиии барқароршаванда, маҳдуд ва осебпазир ба шумор рафта, дар баробари ин беҳдошти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологии аҳолӣ, мавҷудияти ҳайвонот ва растаниҳоро дар олам таъмин менамояд.

Имрузҳо амнияти озуқаворӣ, амнияти экологӣ ва рушди устувори соҳаҳои иқтисодиёти кишвар беш аз пеш ба истифодаи самараноки захираҳои мавҷудаи об вобастагӣ дорад.

Вобаста ба ин бо дарназардошти ру ба афзоиш намудани талабот ба идоракунии устувор ва самараноки захираҳои обӣ, мушкилоти мавҷудаи соҳаи оби кишвар ва ҳамчунин бо мақсади татбиқ намудани механизмҳои институтсионалӣ — ҳуқуқии идоракунии оби дар сатҳи ҷаҳонӣ эътирофгардида, Ҳукумати Ҷумҳуии Тоҷикистон вобаста ба ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул намуд.

Ҳадафҳои ислоҳот:

  • Таъмини кафолатноки об ба ҳама истеъмонкунандагон об.
  • Ба даст овардани идоракунии устувори экологӣ ва аз ҷиҳати иқтисодӣ самараноки захираҳои обӣ
  • Беҳтар намудани идоракунии захираҳои обӣ тавассути татбиқи идоракунии ҳамгироёна ва ҳавзавии захираҳои обӣ (ИҲЗО)

 

Принсипҳои асосии ислоҳот:

  1. Гузариш ба идоракунии ҳавзавии захираҳои обӣ, дар асоси сарҳадҳои ҳавзаҳои дарёӣ, бо созмон додани ташкилотҳои ҳавзавӣ ва зерҳавзавӣ.
  2. Ҳисоби баробари талаботи истеъмолкунандагони об дар мавриди идоракунӣ ва тақсимоти захираҳои об, татбиқи идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об бо дарназардошти рушди иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва беҳсозии некӯаҳволии аҳолӣ, ҳамчунин амалисозии ҳамоҳангсозии дуруст байни ҳама бахшҳои истеъмолкунандагони об.
  3. Тақсимоти уҳдадориҳо оид ба сиёсати обӣ ва идоракунӣ аз фаъолияти истеҳсолӣ ва иқтисодӣ.

Бо мақсади амалӣ намудани ҳдафҳои ислоҳоти соҳаи об дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015, №791 Баронмаи ислоҳоти соҳаи оби Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025 қабул гардида буд.

Барномаи ислоҳот мушкилоти мавҷудаи соҳаи обро дар бар гирифта, ҳадаф ва вазифаҳо, ҳамчунин механизми амалисозии ҳадафу вазифаҳои мазкури ислоҳот ва захираҳои муҳими молиявиро барои амалӣ намудани ислоҳот муайян менамоянд.

Барномаи мазкур, ҳамҷунин Нақшаи чорабиниҳоро оид ба амалисозии ислоҳоти соҳаи об барои солҳои 2016-2025, ки аз чор қисмат ва 35 номгӯи чорабиниҳо вобаста ба рушди қонунгузорӣ ва идоракунӣ, рушди институтсионалӣ, барқарорсозии инфрасохтор тавассути омилҳои ёритасони ислоҳоти соҳаи об иборат аст, дар бар мегирад.

 

Идоракунии ҳавзавии захираҳои обӣ

Идоракунии ҳавзавии захираҳои об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳудудҳои гидрографии ҳавзаҳои дарёӣ ва иншооти обии зеризаминии ба онҳо алоқаман дар мувофиқа бо принсипҳои идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои обӣ амалӣ карда мешавад.

Барои амалӣ намудани идоракунии ҳавзавии захираҳои обӣ, ҳавзаҳои дарёӣ ва иншооти обии зеризаминии ба онҳо алоқаманд ба минтақаҳои ҳавзавӣ ҳамчун вощиди идоракунии ҳудудии захираҳои обӣ ҷудо мегарданд.

Минтақаҳои ҳавзавӣ ҳамчун нишондиҳандаҳои асосии идоракунии захираҳои обӣ ба шумор рафта аз ҳавзаҳои дарёӣ ва иншооти обии зеризаминии бо онҳо алоқаманди дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта иборат хоҳанд буд.

Дар доираи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Минтақаи ҳавзавии Сирдарё, Минтақаи ҳавзавии дарёи Зарафшон, Минтақаи ҳавзавии дарёи Панҷ, Минтақаи ҳавзавии дарёи дарёи Вахш ва Минтақаи ҳавзавии дарёи Кофарниҳон муайян ва муқаррар мегардад.

Механизмҳои нави идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои обӣ

Ислоҳоти соҳаи об барои амалисозии идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои обӣ созмон додани механизмҳои институтсионалии нави миллӣ ва ҳавзавиро пешбинӣ менамояд,ба монанди Шурои миллии обӣ, ташкилоти ҳавзавии дарёҳо ва Шуроҳои ҳавзавии дарёҳо.

 

Шурои миллии обӣ

Шурои миллии обӣ ҳамчун узви болоии мушовирӣ-машваратӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, фаъолияти вазорату идораҳо ва дигар ташкилоту муассисаҳои давлатиеро, ки дар самти лоиҳакашӣ, идоракунӣ, истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об фаъолият менамоянд, мувофиқа ва ҳамоҳанг менамояд.

Ба аъзоёни Шурои миллии об вазирон, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои давлатие, ки ба истифода ва ҳифзи захираҳои обӣ вазифадор карда шудаанд ва дар раванди идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об иштирок менамоянд, шомил хоҳанд гашт. Ба руйхати Шурои мазкур, ҳамчунин намояндагони ташкилотҳои ғайридавлатӣ, мутахассисон ва коршиносони алоҳидаи соҳаи захираҳои об, ҳифзи муҳити зист ва иқтисод шомилшудаметавонанд.

 

Ташкилотҳои ҳавзавии дарёҳо

Ташкилоти ҳавзавии дарёҳо ва зерсохторҳои онҳо ташкилоти масъул дар масъалаҳои ташкили идоракунии ҳавзавии захираҳои об, банақшагирии истифодабарии захираҳои об, мониторинги истифодабарии захираҳои об ва амалисозии нақшаҳои ҳавзавӣ вобаста ба идоракунии захираҳои обӣ дар минтакаҳои ҳавзавӣ ба шумор мераванд. Дар назди ҳамаи панҷ минтақаҳои ҳавзавӣ Ташкилоти ҳавзавии дарёҳо ташкил карда хоҳад шуд.

 

Шӯрои ҳавзавии дарёҳо

Бо мақсади мусоидат дар идоракунии самараноки захираҳои обӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти тарафҳои манфиатдор дар ҳар минтақаҳои ҳавзавӣ Шӯрои ҳавзавии дарёҳо ташкил карда мешавад.

Ҳайати Шурои ҳавзавии дарёҳо аз намояндагони мақомоти ваколатдори давлатӣ дар самти идоракунии истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои обӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ҳокимияти давлатӣ ва ҳамчунин намояндагони истеъмолкунандагони об, иттиҳодияҳои ҷамъияти ва дигар тарафҳои манфиатдор иборат хоҳад буд.

 

Нақшаҳои ҳавзавӣ оид ба идоракунии захираҳои обӣ 

Дар доираи ислоҳоти соҳаи об барои ҳавзаи дарёҳои Зарафшон, Сирдарё, Панҷ, Вахш ва Кофарниҳон нақшаҳои ҳавзавии идоракунии захираҳои обӣ таҳия мегарданд. Таҳия ва татбиқи нақшаҳои ҳавзавӣ ба ташкилотҳои ҳавзавӣ барои таҳлили ҳамаҷониба ва баҳодиҳии ҳолати мавҷудаи об, банақшагирии истеъмолкунандагони об ва ҳифзи иншооти обӣ барои дурнамои кутоҳмуддат, миёнамуҳлат ва дарозмуддати ҳавзаҳо имконият фароҳам меоварад.

Нақшаҳои ҳавзавӣ маводҳои банизомдаровардашударо вобаста ба ҳолати иншооти обӣ ва истифодабарии онҳоро дарбар гирифта, заминаи асосии амалисозии чорабиниҳои обӣ ва ҳифзи иншшоти обии дар сарҳадҳои ҳавзаҳои дарёӣ мавҷударо ташкил менамоянд.

 

Комилгардонии конунгузории обӣ

Ислоҳоти соҳаи об гузаришро ба намуди нави идоракунӣ, ташкилнамоии институтҳои нав ва такмили қонунгузории ҷориро тақозо менамояд. Зеро бидуни ташкилнамоии заминаи ҳуқуқии устувор амалисозии чунин тағйиротҳо ва ислоҳоти самараноки соҳаи об ғайриимкон дониста мешавад.

Мукаммалгардонии қонунгузории ҷорӣ тавассути ворид намудани тағйирот ва иловаҳо ба конунгузориҳои ҷорӣ, санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ ва ҳамчунин таҳияи қонунҳои нав ва санаду меъёрҳои ҳуқуқии нав амалӣ карда мешавад.

Тағйирот дар қонунгузории ҷорӣ ва таҳияи қонунҳои нав

Барои беҳтар намудани амалисозии ислоҳоти соҳаи об, бо дарназардошти беҳтарин таҷрибаи ҷаҳонӣ ва тағйироти институтсионалии минбаъда дар сохтори идоракунии захираҳои обӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва қабули Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба оби нушокӣ ва рафъи обҳои партов” дар таҳрири нав, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иттиҳодияҳои истифодабарандагони об” дар таҳрири нав дар назар дошта шудааст.

Бо мақсади ташкили заминаи ҳуқуқии фаъолият дар бахши обёрӣ, муайян намудани ваколатҳои макомоти марказӣ ва маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, узвҳои деҳот ва маҳалҳои аҳолинишин вобаста ба танзими муносибатҳо дар ин самт ва ҳамчунин ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар самти обёрӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “дар бораи обёрӣ” қабул мегардад.

 

Барқарорсозии инфтасохтори об

Бо мақсади ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолии деҳот, рушди таъминоти об ва обёрии заминҳои корам, барқарорсозии иншооти таъминкунандаи оби нушокӣ ва обёрӣ дар асоси Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025 корҳои зерин ба нақша гирифта шудаанд:

  • Барқарорсозии инфтрасохтори таъминоти оби нушокӣва санитария.
  • Гузаронидани азнавбақайдгирии фондҳои асосии обёрӣ ва заҳкашҳо.
  • Таҳияи Нақшаи маблағгузории барқарорсозии инфрасохтори обёрӣ.
  • Барқарорсозии инфрасохтори обёрӣ ва беҳтар намудани шароити ба истифода додани он.

 

Омилҳои ёридиҳандаи ислоҳот

Мукаммалгардонии низоми идоракунӣ, гузариш ба идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои обӣ дар доираи ҳавзаи дарёҳо ҳадафҳои асосии ислоҳоти соҳаи об ба шумор мераванд, вале бидуни амалисозии чораҳои иловагии ёрирасон таъмини муваффақияти ислоҳоти соҳаи об душвор ба даст хоҳад омад.

Дар робита ба ин ва бо мақсади дастгирии ислоҳот чораҳои иловагӣ амалӣ карда мешаванд, аз қабили тақвият бахшидани иқтидори ташкилоти давлатии ваколатдор дар самти истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об, ташкилсозии Низоми миллии иттилоотии захираҳои обӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти захираҳои об, таъмини иштироки истифодабарандагони об ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об, ҳамчунин иштироки шарикони рушд ва донорон дар рафти амалисозии Барномаи ислоҳот.

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор