Мирзо Турсунзода 2 майи соли 1911 дар деҳаи Қаратоғи ноҳияи Ҳисор (ҳозира Шаҳринав) таваллуд ёфтааст.
Соли 1930 Дорулмуаллимини Тошкандро ба итмом расонда, ба ҳайси мудири шуъбаи умумӣ ва котиби масъули рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» ва, муддате, дар вазифаи роҳбари қисми адабии Театри давлатии мазҳакаю мусиқии Ленинобод ба номи А.С.Пушкин адои хидмат кардааст.
Соли 1935 ба Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба кор гузашта, вазифаҳои мудири шуъбаи ташкиливу оммавӣ ва роҳбари шӯрои драманависонро бар уҳда доштааст.
Соли 1939 раиси Сарраёсати ҳифзи сирри давлатӣ (Главлит), соли 1943 сардори Раёсати санъати ҷумҳурӣ таъин гардидааст.
Аз соли 1946 то рӯзи фавташ раиси Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ будааст. Соли 1951 академики АИ РСС Тоҷикистон интихоб шудааст.
Фаъолияти адабияш аз соли 1929 оғоз ёфтааст.
Аввалҳо дар соҳаи наср қувваозмойӣ карда, дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ бештар очерку ҳикояҳояш интишор ёфтаанд, ки намунаҳое аз онҳо дар маҷмӯаи «Байрақи зафар» (1932) гирдоварӣ шудаанд.
Воқеаҳои айёми инқилоб, ҷангҳои ҳамватанӣ ва муборизаҳои синфӣ, ҳаёти пурҷӯшу хурӯши комсомол ва комёбиҳои даврони нав мавзӯи асосии очерку ҳикоя ва нахустин ашъори ӯ будаанд.
Соли 1935 яке аз асарҳои калони манзуми ӯ «Манзараҳои Хуҷанд» дар маҷаллаи «Барои адабиёти сотсиалистӣ» чоп шудааст, ки дар он меҳнати садоқатмандона ва бунёдкоронаи мардуми шӯравӣ тасвиру тавсиф ёфтааст.
Достонҳои «Офтоби мамлакат» (1936), «Хазон ва Баҳор» (1937) низ ба ҳамин мавзӯъ бахшида шудаанд.
Соли 1939 маҷмӯаи «Шеърҳо»-яш аз чоп баромадааст, ки ашъори дар васфи Ватану нашъунамои он («Суруди ҷавонӣ», «Мамлакати тиллоӣ», «Оҳанрабо») ва воқеаҳои байналхалқӣ («Аз оташ ҳазар кун!», «Халқи далер», «Ба духтари Астурия») бахшидаашро дар бар гирифтааст.
Як силсила шеъру манзумаҳои ӯ ба тасвири пирӯзиҳои мардуми кишвари тоҷик, кашфи сарватҳои моддию маънавии он, бунёди иншооти бузурги ҷумҳурӣ бахшида шудаанд, ки «Водии Ҳисор», «Ба кӯҳсори тоҷик», «Хаёли хом», «Гул мекунад», «Омад канал» (1940) аз он ҷумлаанд.
Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ тараннуми ғояҳои ватанпарварӣ ва дӯстии халқҳо дар эҷодиёташ мавқеи асосӣ ишғол намудааст.
Аз ҷумла, шеърҳои ватандӯстонаи ӯ «Хайр, модари азиз!», «Хотираи капитан», «Ҳамшираҳо» (1941), «Сарчашмаи мардонагӣ», «Ҳаргиз», «Ба ҷанг» (1942), «Баҳодури тоҷик» (1943), «Фарзанди ту меояд» (1944) дар солҳои ҷанг хеле шуҳрат ёфта, мақбули хонандагон гардида буданд.
Дар достонҳои «Писари Ватан» (1942) ва «Арӯс аз Маскав» (1945) ғояи дӯстию бародарии мардуми шӯравӣ тараннум ёфтааст.
Ашъори баъдиҷангиаш дар маҷмӯаи «Тӯҳфаи ҷавонӣ» (1947) фароҳам омадаанд.
Эҷодкорона аз худ кардани анъанаҳои пешқадами назми шифоҳӣ ва классикии тоҷик, баҳрабардорӣ аз комёбиҳои адибони халқҳои бародар ва омӯхтани таҷрибаи устодони назми рус омили асосии такмили маҳорату маданияти баланди шоирии ӯ гардидаанд.
Эҳсоси набзи замон, дарёфти мавзӯъҳои тоза ва ифодаи фикрҳои бикр, ибрози андешаҳои матлуб, забони фасеҳу равон, тасвироти рангин ва оҳанги нарми лирикӣ сабки махсуси суханварии ӯро ташкил додаанд.
Намунаи барҷастаи корбасти пурсамари чунин сабку ривияҳои гуногуни шоир силсилаи шеърҳои «Қиссаи Ҳиндустон» (1947) аст, ки зодаи таассуроти сафари ӯ ба Ҳиндустон мебошад.
Беҳуда нест, ки соли 1948 барои қисми якуми силсилаи мазкур («Қиссаи Ҳиндустон», «Рӯди Ганг», «Меҳмони мағрибӣ», «Тара Чандри», «Боғи муаллақ», «Дар ёди кас») шоир сазовори Ҷоизаи давлатии СССР гардидааст.
Баъдан, пайиҳам, маҷмӯаҳои ашъори ӯ «Пайғом» (1949), «Ман аз Шарқи Озод» (1950), «Мавҷи табрикҳо» (1951), «Қиссаи Ҳиндустон» ва «Қиссаи машҳур» (1954), «Асарҳои мунтахаб» (1955), «Чароғи абадӣ» (1958, ба ҳуруфи арабӣ) ва ғ. аз чоп баромадаанд, ки дар қатори мавзӯъҳои муҳимми дохилӣ дар онҳо мавзӯоти гуногуни байналхалқӣ, махсусан, сулҳу амният ва дӯстии байни халқҳо, мавқеи намоён ишғол намудаанд.
Достони «Ҳасани аробакаш» (1954) ба таҳқиқи бадеии масъалаи дар ҷараёни сохтмони ҳаёти нав тадриҷан тағйир ёфтани шуъуру ҷаҳонбинии мардуми тоҷик, дар мубориза бо боқимондаҳои дунёи куҳна ғалаба кардани русуми нави зиндагӣ ва табдили авзоъи қаҳрамони асосӣ бахшида шудааст.
Дар силсилаи шеърҳои «Садои Осиё» (1957) муҳимтарин воқеъаҳои ҳаёти байналхалқӣ дар давраи бедорӣ ва марҳалаи нави ҳаракатҳои озодихоҳии миллӣ, давраи бедорӣ ва шикасти бунёди мустамликадорӣ, ба истиқлолият соҳиб шудани бисёр халкҳои мазлуми Осиёву Африқо тасвир ёфта, шуҳрати байналмилалӣ пайдо кардаанд.
Муаллиф, соли 1960, барои достони «Ҳасани аробакаш» ва силсилаи шеърҳои «Садои Осиё» сазовори Ҷоизаи Ленинӣ гардидааст.
Соли 1960 достони нави лирикии ӯ «Ҷони ширин» (дар моҳномаи «Шарқи Сурх») чоп шуда, барқосо дар миёни хонандагон маҳбубияти тамом касб кардааст.
Барои ин асари нотакрораш устод Тусунзода соли 1963 сазовори Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Ҷоизаи комсомоли ленинии Тоҷикистон гардидааст.
Гулчини офаридаҳои устод дар маҷмӯаҳои «Ҷони ширин» (1965), «Асри ман» (1974) ва чаҳор ҷилди «Куллиёт» (1971-1985) интишор ёфтаанд.
Достони «Аз Ганг то Кремл» (1970) ва силсилаи шеърҳои «Посбони оташ» (1977) аз шоҳкориҳои солҳои охири адибанд, ки аз ҷониби хонандагон хеле хуш пазируфта шудаанд.
Устод Турсунзода як қатор асарҳои саҳнавӣ таълиф намуда, дар равнақу ривоҷи драматургияи тоҷик низ ҳиссаи сазовор гузоштааст, ки пйесаҳои «Ҳукм» (алманахи «Тӯҳфа», 1934), «Роҳатхон» (1935), драмаи манзуми «Хусраву Ширин» (1936, дар ҳамқаламии Абдусалом Деҳотӣ), матни операи «Шӯриши Восеъ» (дар ҳамқаламии Абусалом Деҳотӣ навишта шуда, соли 1941 дар заминаи он якумин либреттои тоҷикиро ба майдон овардаанд), либреттои операҳои «Тоҳиру Зуҳро» (1944) ва «Арӯс» (1945) аз он ҷумлаанд.
Соли 1965 киностудияи «Тоҷикфилм» аз рӯи сенарияи ӯ филми бадеии «Ҳасани аробакаш»-ро ба навор гирифта, филмҳои ҳунарии «Бо амри дил» ва «Субҳи Ганг» низ дар заминаи филмномаҳои ӯ созмон ёфтаанд.
Дар ҷодаи ҷамъоварӣ ва нашри осори шифоҳии мардум ҳам хизмати шоиста кардааст.
Яке аз аввалин маҷмӯаҳои эҷодиёти шифоҳии халқ – «Намунаи фолклори тоҷик» (1940, 1945, 1957) бо cаъю ширкати бевоситаи ӯ нашр гардидааст.
Дойир ба масъалаҳои гуногуни адабиёт, драматургия ва театри тоҷик як силсила мақолаву рисолаи адабию танқидӣ ва дар мавзӯъҳои сулҳу амният ва дӯстии халқҳо як қатор мақолаҳои публитсистӣ навиштааст, ки дар шаклу қолабҳои гуногун интишор ёфтаанд ва дастуру раҳнамои дастандаркорони соҳати ҳунарварӣ будаанд. Асарҳои алоҳидаи А.С.Пушкин, Т.Г.Шевченко, Н.А.Некрасов, Ҷамбул, Ш.Руставели, Ш.Рашидов, Зулфия ва дигаронро басо моҳирона ба тоҷикӣ гардондааст.
Аксари навиштаҳои устод Турсунзода ба бисёр забонҳои мардуми шӯравӣ ва халқҳои мутамаддини олам борҳо тарҷумаву чоп шуда, дар пешрафти умуми адабиёти шӯравию ҷаҳон ва соҳиби шуҳрати оламгир шудани адабиёти тоҷик ҳиссаи беназир гузоштаанд.
Устод Турсунзода дар давоми умри пурбаракаташ ба бисёр кишварҳои Осиё, Африқо, Аврупо, Амрико сафар ва дар чандин форуми конгрессу конфаронсҳои бонуфузи байналхалқӣ фаъолона ширкат ва пурҳарорат суханронӣ кардааст.
Ходими маъруфи давлатию ҷамъиятӣ, вакили мардумӣ дар порлумони ҷумҳурӣ ва шӯравӣ, раиси Кумитаи ҳамдилӣ бо халқҳои Осиёву Африқо, узви Кумитаи шӯравии сулҳ ва садорату котиботи Иттифоқи нависандагони шӯравӣ, раиси Кумитаи ҷумҳуриявии муҳофизати сулҳ, Кумитаи Мукофоти Ленинӣ ва раиси Кумитаи Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ будааст.
Бо чор ордени Ленин, ордену медалҳои «Инқилоби Октябр», «Байрақи сурхи меҳнат», «Нишони фахрӣ», «Кирилл ва Мефодий», «Ҷамол Абдулносир» ва Медали тиллои Кумитаи шӯравии муҳофизати сулҳ мукофотонида шудааст.
Барандаи Мукофоти байналхалқии Ҷавоҳирлаъл Неҳру (1967).
Соли 1961 нахустини сазовори унвони ифтихории Шоири халқии Тоҷикистон гардидааст.
Барои хизматҳои бузурги адибию ҷамъиятияш соли 1967 сазовори унвони олии Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, соли 2001 шарафёби унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон гардонида шудааст.
Аз соли 1934 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
24 сентябри соли 1977 аз олам даргузашт.
Мақбараи шарифи ӯ дар «Мазористони Лучоб» қарор дорад.