Коррупсия – монеа дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар

*Коррупсия дар ҷаҳони муосир аз ҷумлаи монеаҳои ҷиддӣ дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо ва риояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон маҳсуб меёбад.

Барои пешгирӣ аз ҳама ҷинояту ҷинояткорӣ ва мубориза ба коррупсия санаи 31 октябри соли 2003 Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид зидди коррупсия қабул шуда, санаи 9 декабри соли 2003 дар конфронси сиёсӣ зиёда аз 100 давлати дунё ба Конвенсияи мазкур имзои худро гузоштанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар қатори дигар давлатҳо санаи 25 сентябри соли 2006 ба Конвенсияи мазкур имзо гузошта, он ба низоми ҳуқуқии кишвар ворид карда шуд.

Муқовимат бо коррупсия ҷузъи муҳими сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, амалӣ намудани он райъи қавии сиёсӣ, ташаккули заминаҳои боэътимоди ҳуқуқию ниҳодӣ, банақшагирии стратегӣ ва ҷалб намудани аҳли ҷомеаро тақозо менамояд.

Ба шарофати ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ин заминаҳо дар кишвари мо фароҳам оварда шуда, иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимият ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб таъмин карда шудааст.

Аз ҷумла, дар ин самт қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба талаботи замон ҷавобгўй қабул шуда, ниҳоди махсусгардонидашудаи давлатӣ – Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва ниҳоди умумимиллӣ – Шўрои миллии муқовимат бо коррупсия таъсис дода шудаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии муҳимтарин конвенсияҳо ва ниҳодҳои байналмилалӣ дар соҳаи мубориза бо коррупсия буда, дар Осиёи Марказӣ ягона кишваре мебошад, ки аз лаҳзаи таъсиси Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ ва Рушд узви он мебошад.

Барномарезии давлатии мубориза бо коррупсия дар сатҳи давлатӣ ба роҳ монда шуда, бо ибтикори Пешвои миллат ду маротиба Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шудааст.

Қобили қайд аст, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳз мавҷудияти Стратегияи зикршуда ва дар доираи он амалӣ намудани чорабиниҳо доир ба мубориза бо коррупсия гувоҳи ташаккули сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ ва кафолати ноил гардидан ба дастовардҳо дар ин ҷода шинохта шудааст.

Назорати иҷрои Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 — 2020 ба зиммаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия гузошта шуда, Агентӣ вазифадор гардидааст, ки аз натиҷаҳои мониторинги маҷмўии ҳолати иҷрои он ҳар сол ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот пешниҳод намояд.

Соли 2018 вобаста ба мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор чорабиниҳо ба нақша гирифта шудаанд. Масалан, ҷиҳати таъмини иҷрои Тадбирҳои иловагии тақвияти муқовимат бо коррупсия дар ҶТ барои солҳои 2013 – 2020, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2013,№1504 тасдиқ шудааст, Нақша чорабиниҳои мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бораи солҳои 2018 – 2019  бо Фармони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ аз 19 январи соли 2018, № 15 тасдиқ гардидааст.

Дар нақшаи мазкур тақвияти тарғиби андешаҳои зиддикоррупсионӣ аз ҷониби кормандони мақомот ҳангоми гузаронидани вохӯриҳо ва мизҳои мудаввар, пешгирии ҳолатҳои хароҷотҳои ғайримақсаднок маблағҳо, гузаронидани озмунҳо барои ишғоли мансабҳоии холии маъмурии хизмати давлатӣ, инчунин ташакулли маърифати инсондустӣ, эҳтироми арзишҳои фаҳангиву миллӣ, бедор намудани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, садоқат ба халқу Ватан ба роҳ монда шудааст.

  Кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муваззаф гардидаанд, ки  дар фаъолияти ҳамарӯза бо ин зуҳуроти номатлуб мубориза баранд ва бо дарназардошти он, ки коррупсия дар роҳи пешрафти иқтисодию иҷтимоии кишвар монеа ҷиддӣ мебошад, бо дарки баландӣ масъулиятшиносӣ ба ин кирдори номатлуб роҳ надиҳанд.

Раҷабов Ш.
сардори шуъбаи ҳифзи давлатии
ҳуқуқҳои сиёсӣ ва шаҳрвандии
дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон