Ҳифзи табиат ва тоза нигоҳ доштани он — вазифа ва масъулияти  ҳар як фарди ҷомеа

скачанные файлы

Масъалаҳои ҳифзи муҳити зист ва мушкилоти вобаста ба он мушкилоти як давлати алоҳида набуда, балки масоили ҷаҳонӣ ба ҳисоб мераванд, зеро дар назди инсоният хавфи падид омадани буҳрони экологӣ вуҷуд дорад. Дар ҳалли масъалаи мазкур баланд бардоштани маърифати экологии ҷомеа нақши муҳим мебозад. Тарбияи экологӣ ва муносибат ба он аз унсурҳои рушд ва солимии ҷомеа буда, шурӯъ аз оила ва боғча минбаъд бояд дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ идома ёбанд.

Ташаккули маърифати экологии шаҳрвандон масъулияти як шахс ё муасиса набуда, балки ҳифз ва тоза нигоҳдаштани табиат вазифаи тамоми сокинони саёра ба шумор меравад.

Инсоният метавонад дар муҳити зисти солим солҳои дароз умр ба сар барад. Дар ин радиф тарбияи экологӣ ва ҳифзи муҳити зист то андозае ҳимояи генофонди инсоният эътироф мешавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун аъзои комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар масъалаи ҳифзи муҳити зист бетараф набуда, як қатор санадҳои меъёри ҳуқуқӣ,  барномаҳои давлатии марбутаро қабул намудааст, ки баҳри бартараф намудани мушкилоти воқеии ҷойдошта ва баланд бардоштани масъулият ва маърифати шаҳрвандон мусоидат менамоянд.

Дар самти мазкур қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», «Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ», «Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера», “Дар бораи муҳофизат ва истифодаи олами наботот” ва «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» қабул шуда, амал менамоянд.

Ҳадафи ин қонуну барномаҳо такмили асосҳои сиёсати давлатӣ оид ба маърифат ва тарбияи экологӣ, ташаккули ҷаҳонбинӣ, беҳтар намудани вазъи муҳити зист, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳаёти солими аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Амалисозии ин санадҳо барои рушди устувори ҷомеа ва тараққиёти иқтисодиёти сабз мусоидат менамоянд.

Барои амалӣ шудани санадҳои соҳавӣ тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” бори аввал дар Форуми 7-уми ҷаҳонии об дар Ҷумҳурии Корея пешниҳод шудааст.

Ин буд, ки тибқи Қатъномаи СММ А/RES/71/222 давраи солҳои 2018-2028 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” эълон гардид.

Бояд қайд намуд, ки имрӯз шахс бояд аз бӯи гулу гиёҳу дарахтон баҳра гирад, зебоии табиатро дарк кунад, аз баъзе хусусиятҳои табиат воқиф гардад, дар ин ҳол чанд ҷанбаи тарбиявии машғулият ҳадафманд мешавад, аз ҷумла муҳаббат ба Ватан, муносибати ғамхорона бо табиат (яъне тарбияи экологӣ) ташаккули ҳисси зебоипарастӣ ва амсоли онҳо.

Тарбияи экологӣ бояд шахсиятеро ба камол расонад, ки вобастагии инсону ҷамъият ва табиатро дарк намояд, нисбат ба вазъи муҳити атрофаш масъулият ҳис кунад. Тарбияи экологӣ он гоҳ самар медиҳад, ки бефосила амалӣ шавад.

Ҳ.Давлатов,
корманди мақомоти
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи
инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон